БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО МАРДУМ ВА ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН БОЯД БУД!

АНДЕША. Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон имрӯз тамоми нерӯҳои солими ҷомеаро дар  сафҳои худ муттаҳид намуда, бо  мақсади  зина ба зина  баланд бардоштани некуаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи  пешрафти шаклҳои гуногуни моликият ва барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои  инсон таъсис дода шуда, барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо фаъолият менамояд.

Бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки ин ҳизби созанда ба як неруи тавонои сиёсӣ табдил ёфта дар ҳаёти мардуми тоҷик нақши арзанда дорад ва аз рӯӣи эътибору иқтидор бо ҳизбҳои дигар муқоисанашаванда аст.

  25-сол қабл  аз ин, дар замоне, ки  кишвар дар вазъияти  душвор қарор дошт, ҳизбе таъсис дода шуд, ки рисолати асосиаш ба даст овардани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва  ваҳдати саросарӣ дар кишварамон Тоҷикистон буд. Ҳамагон шоҳиди он гаштаем, ки ин ҳизб аз иҷрои ин вазифаи таърихии дарпешгузоштааш  бо сарбаландӣ  баромад.

 ҲХДТ фаъолияташро  дар асоси  ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии  худ ба  роҳ  монда, дар  назди аъзои ҳизб  вазифа  гузошатааст, ки   дар   рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор  дошта бошанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  комилан сохтор ва  шеваи  фаъолияти ба худ  хосро дорост ва бо ҳамин важагиҳо дар миёни ҷомеа  ба унвони бонуфузтарин ҳизби сиёсӣ шинохта  шудааст. Нерӯи зеҳнии ҳизб бисёр бузург аст. Таркиби онро дар баробари қишрҳои дигари иҷтимоӣ, олимону зиёиёни пешқадми ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.

Мо ҳизбиён бояд, ки ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро  ҷиҳати  афзун намудани  дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои Стратегӣ ва таъмини рушди  устувори мамлакат, баланд бардоштани  сатҳу  сифати зиндагии мардуми  кишвар  ҳамчун  ҳадафи Олӣ роҳнамоӣ намоем.

Барои ман номзад будан аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боиси ифтихор аст. ҲХДТ ба мисли ман ҳазорон бонувонро тарбия намуд, омӯзонд ба корҳои роҳбарӣ ва сиёсат раҳнамоӣ кард. Барои сазовор гаштан ба  ин бовариҳо кӯшиш мекунам, ки дар фаъолияти кориам баҳри боз ҳам ободу зебо намудани Ватани азизамон содиқона хизмат намоям.   

 

Ҳақназарзода Балхиё, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон аз ҳавзаи интихоботии №16.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg