БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии ҲХДТ мебошад

ЛЕВАКАНТ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар кӯчаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони маҳал  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  иштирок дошта,  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омилӣ асосии нигоҳ доштани сулҳу субот суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар кӯчаҳои мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  бо номи «Гулшан» таъсис дода, Ситамов Бахтиёр бо интихоби иштирокчиён раиси ташкилоти навтаъсис интихоб гардид.

Дар охири вохӯрӣ ба иштирокчиён маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg