Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Зимнан намояндагони ҳизбӣ дар бораи маъракаи муҳими сиёсӣ- интихобот-2020 ибрози андеша намуда, аз ҳозирин барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинии муҳим масъулиятпазирии беандозаро аз аҳли чамоатчигӣ даъват карданд.
Инчунин, масъулин дар рафти суҳбат аз Паёми Президенти кишвар ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ иқтибосҳо оварда, қайд намуданд, ки мақсади асосии ҲХДТ фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими нерӯ ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад. ҲХДТ минбаъд низ ба масъалаҳои нигоҳ доштани суботи макроиқтисодӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди афзалиятноки соҳаҳои истеҳсолӣ, тавсеаи сармоягузории дохиливу хориҷӣ, рушди инфрасохтори мамлакат ва табдили он ба кишвари транзитӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин идомаи ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт чораҳои таъхирнопазирро афзалият медиҳад.