БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИШТИРОКИ МАРДУМРО ДАР ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ ТАЪМИН МЕНАМОЯД

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 ва номзадҳои он ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти  ибтидоии деҳаи  «Ваҳдат»-и  ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи  Шаҳритуз бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир гардид.

Намояндагони ҳизбӣ дар суханронии хеш оид ба омодагӣ ба интихобот ва интихоби  номзадҳои арзанда  ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии  вакилони  халқ  дар худуди  участкаҳои  интихоботии  ноҳия    суханронӣ  намуданд.

Сипас, дар қисмати амалии чорабинӣ  баҳри  баланд   бардоштани  масъулияти  шаҳрвандӣ  Аксияи  ҳизбӣ   таҳти   унвони «Якҷоя  ҳал  мекунем!» баргузор  гардида,  сокинон ба шинонидани дарахтони сояафкану мевадиҳанда машғул шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg