БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ВАСИЛАИ АМАЛИГАРДОНИИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ АСТ!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ҳудуди якмандатии интихоботии Қубодиён  №31 бо интихобкунандагони  ноҳияи  Шаҳритуз  вохӯрӣ ва шиносоӣ бо номзад доир гардида, дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар рафти суҳбат масъулин атрофи Паёми имсолаи Пешвои миллат ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ фикру андешаҳои хушро баён дошта, афзуданд, ки ҲХДТ дар самти такмили қонунгузорӣ давра ба давра барномаҳои мукаммалу созанда пешниҳод намуд, ки дар натиҷа дар кишвар волоияти қонун таъмин гардида, фаъолияти қонунэҷодкунӣ шакл гирифт. Ниҳоят мо на танҳо яке аз беҳтарин низоми қонунгузорӣ дар ҷаҳонро дар кишвар роҳандозӣ кардем, балки ҳамчун ҳизби халқ воқеияти ҳаёти ҷомеаро омӯхта, 3 қонуни миллиро ба тасвиб расонидем, ки имрӯз мавриди омӯзиш ва таҷрибабардории дигар кишварҳо гардидаанд.

Дар навбати худ номзадҳо дар бораи масъалаи барои ҷомеаи имрӯза муҳим, ки аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат бармеоянд, сухан гуфта, сокинонро бо барномаи хеш шинос карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg