БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ АҲОЛӢ ҶУЗЪИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ АСТ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шинос намудани номзадҳо ба вакилӣ  бо интихобкунандагон  дар Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки   роҳбарияти Кумитаи иҷроия,   номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии  вакилони халқ ва дигар шахсони даъватӣ  мулоқот баргузор гардид.

Нахуст вохӯриро  раиси комиссияи ҳавзаи №28-и  ноҳия Қодиров Тағойбек кушода, қайд кард, ки Пешвои миллат зимни ироаи  Паёмашон оид ба интихобот баён доштанд, ки “Ҳеҷ як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро вайрон карда, иродаи худро ба интихобкунандагон  зӯран ё бо роҳҳои дигар таҳмил намояд.”  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро бояд риоя намоем.

Ҳамзамон ба ҳозирин  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 шинос карда шуда,   сокинон барои иштироки фаъолона доштан дар интихоботи дарпешистода   даъват гардиданд.  

Дар вохӯрии мазкур шахси боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи № 28-и  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашӯрзода Гулбаҳор Сангилло шарҳи ҳол ва кору фаъолияти номзади мазкурро ба мардум муаррифӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg