ҶАЙҲУН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Мушфиқӣ»-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ бо интихобкунандагон чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Зимнан дар рафти чорабинии мазкур масъулин муфассал суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми Паёми навбатӣ иброз намуданд, ки мо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор додем.
Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд. Танҳо дар ду соли охир 320 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ дар ҳаҷми 950 миллион сомонӣ ворид гардида, барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст.