БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН БО БАРНОМАИ НОМЗАД ШИНОС ШУДАНД

ҶАЙҲУН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо Ситоди пешазинтихоботии ҳизби ноҳияи Панҷ бо мақсади таблиғу ташвиқи Паём ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар Ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ бо иштироки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар аз ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун №33, вакили худпешбар ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун №33 Латифзода Хушрафтор ва Ҳасанзода Тағоймурод раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо  сокинон суҳбату вохӯрӣ ва шиносоӣ бо номзадҳо доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025  ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз тарафи вакил ва шахсони масъули ҳизбӣ суханронӣ карда шуд. Дар суханронӣ оид ба ироаи Паём Ҳасанзода Тағоймурод баромад намуда, қайд кард, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамаи самтҳоро дар бар гирифта, барои пешравии илму техника, маориф, соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодиёт ва дигар самтҳо равона гардидааст.

Дар идомаи суҳбат номзад Шарофзода Гавҳар бо мардум дар бораи барномааш ҳарф зада, ҳар як қисми онро шарҳу тавзеҳ дод.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg