ҶАЙҲУН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Лоҳутӣ»-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ бо интихобкунандагон чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Зимнан дар рафти чорабинии мазкур масъулин муфассал суханронӣ намуда, қайд карданд, ки таърихи пурғановати халқи тоҷик саҳифаҳои зиёди омӯзанда ва пурифтихор дорад, ки бузургтарин бахши онро илму маърифат, бахусус илмҳои табиатшиносӣ, ташкил медиҳанд. Ниёгони донишманди мо ҳанӯз дар гузаштаҳои дур ба масоили гуногуни табииёт ва коинот таваҷҷуҳ зоҳир карда, доир ба ҳодисаю раванд андешаҳои илмии хешро баён менамуданд. Нобиғаву алломаҳое чун Абӯаббос Фарғонӣ, Муҳаммад Хоразмӣ, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абулвафо Бузҷонӣ, Умари Хайём, Насриддини Тӯсӣ, Аломудин Қушчӣ, Ҷамшеди Кошонӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон дар рушди пешрафти аксар соҳаҳои дар замони хеш маълуми илмҳои табиатшиносӣ саҳми бузург гузоштаанд.