Н.ХУСРАВ. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди участкаҳои интихоботии ноҳияи Носири Хусрав дар ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии ҷангал» бо интихобкунандагон хониши сиёсӣ таҳти унвони « ҲХДТ -ҳизби созандаву роҳнамои ҷомеа» баргузор гардид. Масъулин қайд намуданд, ки вобаста ба таҳкими заминаҳои конститутсионии давлат ва ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва тақвияти пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад. Имрӯз Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як нерӯи тавоно ва созандаи ҷомеа мансуб ёфта, ҳамчун қувваи пешбаранда ва пешоҳанги ҷомеа кишварамон шинохта шудааст. Яке аз самти асосии фаъолияти ҳизб робита бо мардум мебошад, чунки ҳизби мо ҳизби мардумӣ буда, роҳнамои ҷомеа ба шумор меравад. Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ҳамчун барномаи амал ба роҳбарӣ гирифта шуда, номзадҳои аз ҲХДТ пешбаришуда барномаҳои пешазинтихоботии худро дар асоси он таҳия карда, ба интихобкунандагон тарғибу ташвиқ намуда истодаанд. Дар охир аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи 1 март дар интихобот иштирок намуда, ба хотири ояндаи дурахшон ба ҷонибдории ҲХДТ ва номзадҳои он овози худро диҳанд.