ХУРОСОН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ва аъзои Ситоди пешазинтихоботии ноҳия дар ташкилоти ибтидоии “Шар-Шар”-и ҷамоати деҳоти Фахробод ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, номзадҳои он ва шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ бандҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои онро шарҳ дода, аз ҷумла, қайд намуданд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад. Ҳамчунин, нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ шарҳ дода шуда, иброз гардид, ки Паёми Президенти мамлакат пеш аз ҳама дастури кории ҳар як мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад