БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ НОМЗАД БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

ХУРОСОН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо иштироки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Ҷомӣ-28 Ашӯрзода Гулбаҳор Сангилло бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти  Кумитаи иҷроия, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Ҷомӣ-28 Ашӯрзода Гулбаҳор Сангилло ва муовини раиси Ситоди пешазинтихоботии назди Кумитаи иҷроия Подшоҳзода Нуринисо Кароматулло иштирок дошта, дар бораи Паёми навбатӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва маъракаи муҳими сиёсӣ суханронӣ намуданд.

Сипас, шахси боэътимоди номзад муаррифиномаи номзади пешбаришударо ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода,  сокинон дар навбати худ суолу дархостҳои хешро оид ба масъалаҳои ҳаётан муҳим  ба номзад пешниҳод карда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg