БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ИНТИХОБИ НОМЗАД ХАТО НАМЕКУНЕМ!

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар ташкилоти ибтидоии “Идораи барқ” бо интихобкунандагон ҷиҳати фаҳмонида додани моҳияти Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар назди ҳозирин намояндагони ҳизбӣ баромад намуда, ҷамъомадагонро бо муҳтавои ҳуҷҷатҳои мазкур, ҳамчунин номзадҳои пешбаринамудаи ҲХДТ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Муъминобод № 38, ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №61  ва ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз ҳавзаи интихоботии № 16   шинос намуд.

Дар вохӯрӣ чанде аз интихобкунандагон изҳор доштанд, ки дар интихоби вакил   хато намекунанд. Ба тарфдории  номзадҳои арзандаи пешбаринамудаи ҲХДТ, ҳизбе, ки мақсаду маромаш пешрафту тараққиёти Тоҷикистон ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аст, овоз медиҳанд.

Дар роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзои ташкилот ибтидоии мазкур ба оилаи камбизоат Шарифов Абдулҳай дасти кумак дароз намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg