БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОВОЗ ДОДАНИ ИНТИХОБКУНАНДА МАЪНОИ ИНТИХОБИ ОЯНДАИ ХУД ВА ФАРЗАНДОНИ ӮРО ДОРАД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар вохӯрие, ки дар ташкилоти ибтидоии “Сангрезгӣ”- и Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ  гузаронида шуд, аъзои ташкилоти ибтидоӣ ва дигар интихобкунандагон, ки дар кори он иштирок доштанд, аз баромади раиси Кумитаи иҷроия дар бораи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020 - 2025 ва номзадҳои он шинос шуданд.

Дар баромад таъкид карда шуд, ки интихоботи Маҷлиси вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ маъракаи муҳими сиёсӣ буда, баргузории он, ки аз тарафи мушоҳидони байналмиллалӣ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ назорат карда мешаванд, ба ояндаи давлат бетаъсир намемонад. Аз ин рӯ, мо бояд кӯшиш намоем, ки дар рафти баргузории он ба ягон қонуншиканӣ ва ё хатогие роҳ надиҳем. Вазифаи аввалиндараҷаи интихобкунандагон аз он иборат аст, ки дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок намуда, мавқеъи худро  муайян созанд. Набояд фаромӯш кард, ки дар интихобот овоз додани   интихобкунанда маънои интихоби  ояндаи худ ва фарзандони ӯро дорад.  

Дар асоси Аксияи ҳизбии “ҲХДТ муттаҳид мекунад!” ҷамъомадагон ба  муттаҳидӣ  ва дар сатҳи баланд, дар асоси талаботи қонун баргузор намудани интихобот даъват карда шуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg