БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ФАЙЗУ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ АСТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи  Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод вохӯрии номзадҳои  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадҳои  Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи ноҳия ва вилоят бо интихобкунандагон  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ шахси боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт, Ғаффорзода Давлатҷон интихобкунандагонро бо номзад шинос карда, тарҷумаи ҳол ва кору фаъолияти номзадро муаррифӣ намуданд.

 Одинаев Ҳаёт, ки номзадиашро Конференсияи 21-и ҲХДТ дар ноҳия пешбарӣ кардааст, барномаи пешазинтихоботии худро бо ҷамъомадагон пешниҳод намуда, қайд кард, ки  бо шарофати саҳми сазовори ҲХДТ дар дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеаи муосир суботи макроиқтисодӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, аз ҷумла рушди устувори тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъмин гардидааст. Номзадҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Абдураҳимов Муҳаммадҷон ва Абдураҳимов Абдурозиқ  дар бораи барномаи пешазинтихоботии худ сухан карда, ба саволҳои интихобкунандагон ҷавобҳои мушаххас доданд. Сипас, раиси Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб зимни суҳбат қайд кард, ки интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо карда, рӯзи якуми март ба хотири ояндаи неки давлату миллат раъй диҳем. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg