БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҚВИЯТИ МАВҚЕИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА ВА ҶАЛБИ БЕШТАРИ ОНҲО БА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи  Гулободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  вохӯрии  номзадҳои  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадҳои  Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо интихобкунандагон  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ шахси боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт, Ғаффорзода Давлатҷон интихобкунандагонро бо номзад шинос карда, тарҷумаи ҳол ва кору фаъолияти номзадро муаррифӣ намуданд. Одинаев Ҳаёт, ки номзадиашро Конференсияи 21-и ҲХДТ дар ноҳия пешбарӣ кардааст, барномаи пешазинтихоботии худро ба ҷамъомадагон пешниҳод намуда,  афзуд, ки  ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҳалли мушкилоти аъзои ҷомеа кӯшиш мекунад.

Дар охир раиси Ситоди пешазинтихоботии ноҳиявӣ қайд кард, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҲХДТ, ки аз сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ саҳми босазои худро гузошта истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg