БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ ТАНЗИМКУНАНДАИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

ФАРХОР. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба шарҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025 мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии "Навобод"-и деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Гулшан баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин иброз доштанд, ки дар шарҳи бахшҳои гузашта қайд намудем, замони ба майдони сиёсат омадани ҲХДТ низоми қонунгузории кишвар бисёр заиф гашта буд. Қонунҳои мавҷуда амал намекарданд, ҷомеаро сарсониву бенизомӣ фаро гирифта буд. Ҳуқуқи ҳамон нафаре баланд буд, ки дар айни замон дар дасташ яроқ буд ва ҳамон яроқи оташфишонро ба сифати қонун истифода мебурд. Дар ин росто ҲХДТ дар самти такмили қонунгузорӣ давра ба давра барномаҳои мукаммалу созанда пешниҳод намуд, ки дар натиҷа дар кишвар волоияти қонун таъмин гардида, фаъолияти қонунэҷодкунӣ шакл гирифт. Ниҳоят мо на танҳо яке аз беҳтарин низоми қонунгузорӣ дар ҷаҳонро дар кишвар роҳандозӣ кардем, балки ҳамчун ҳизби халқ воқеияти ҳаёти ҷомеаро омӯхта, 2 қонуни миллиро ба тасвиб расонидем, ки имрӯз мавриди омӯзиш ва таҷрибабардории дигар кишварҳо гардидаанд.

Барои боз ҳам мустаҳкам намудани низоми қонунгузорӣ дар кишвар аз ҷамъомадагон даъват ба амл оварда шуд, ки дар рӯзи баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ бетараф набуда, ба тарафдории номзадҳои арзандаи ҲХДТ овоз диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg