БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУТОЛИАИ КИТОБ ВА НАҚШИ ОН ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪНАВИЁТИ МАРДУМ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 дар ташкилоти ибтидоии «Муҳоҷиробод»-и Ҷамоати деҳоти Дарқад  доир гардид.

Дар мулоқот масъулин қайд намуданд, ки дар таърихи башарият танҳо давлат ва халқҳое умри нисбатан дарозтар дидаанд, ки онҳо аз имкониятҳои дар ихтиёр доштаашон пурра ва дурусту оқилона истифода карда, наслҳои нави донишманду эҷодкор, худшиносу худогоҳ, ба шароити нави таърихӣ тобовар ва содиқ ба ормону ҳадафҳои давлати соҳибистиқлолро тарбия кардаанд.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар ин самт корҳои зиёди сиёсиву ҳуқуқӣ ва маънавию тарбиявӣ ба анҷом расонда шудаанд, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти худшиносии милливу динии мардуми мо мушкилоту камбудиҳо ҳанӯз хеле зиёданд. Ин норасоиҳо на бо суханони хушку холӣ, тарғиботи мавсимӣ ва ҳатто ифтихороти зоҳирӣ, балки танҳо тавассути тарбияи муназзами маънавӣ ва ҳуқуқии ҳар фарди ҷомеа - аз оила то коргоҳ бартараф карда мешаванд. Ба ин мазмун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш масъалаи чопи китоби безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров  «Тоҷикон» - ро ба миён гузошта, зикр карданд, ки дар ташаккули ҳама ҷиҳатаи худшиносии насли наврас ҳанӯз камбудиҳо ҳастанд. Бо назардошти зарурати мутолиаи китоб ва нақши он дар баланд бардоштани маънавиёти мардум, ташаккули завқи бадеӣ ва зебоиписандӣ Пешвои миллат ба ниҳодҳои дахлдор дастур доданд, ки чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоб ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg