БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОҲӢ, КИ ОЗОД БОШӢ, ҒУЛОМИ ҚОНУН БОШ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Меҳробод»-и Ҷамоати деҳоти Дарқад вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ дар назди ҳозирин баромад намуда, ёдовар шуданд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он сахт ниёз дошт. Маҳз талаботи ин қонун имкон фароҳам овард, то баъзе парокандагиҳои ҷойдоштаи иҷтимоии замонро ба эътидол оварем. Зеро бисёр падару модарон солҳо ба остонаи мактаб пой намегузоштанд, ба рафти таълими кӯдак ошно намешуданд. Ин бетафовутӣ нисбат ба фарзанд то ба дараҷае расид, ки бархе аз кӯдакону наврасон соатҳои дарсиро тарк намуда, вақти худро дар интернет - кафеҳо сарфи машғули бозиҳои гуногуни бефоидаю бемақсад мекарданд. Ва ин кор ниҳоят ба зеҳни онҳо таъсири бад расонд. Мутаассифона, пайвастани баъзе аз ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро маҳз беаҳамиятии волидон ва дур мондани онҳо аз тарбия буд. Инчунин, масъулин сифатҳои мусбати номзадҳоро, ки аз ҷониби Конференсияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба ҳайси номзад ба вакили маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбарӣ шудаанд, шаҳр доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg