БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ КАФИЛИ ОБОДИВУ ОЗОДИСТ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти  навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Каммунадеҳа»-и деҳаи Дарқади Ҷамоати деҳоти Дарқад баргузор гардид.

Дар мулоқот масъулин иброз доштанд, ки шурӯъ аз 15 декабри соли 2019 комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор дар ҳайати 9 нафар тасдиқ шуда, бо дарназардошти шумораи интихобкунандагон, ҳудуд ва шароит дар маҳаллаҳо таъсиси 40 ҳавза ва 46 участкаи интихоботиро мувофиқи мақсад шуморид. Ҳамин тариқ, дар 10 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ҳавза ва участкаҳо оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқ ташкил карда шуд.

Комиссия корро дар асоси нақшае, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда, бо дарназардошти моддаи 7 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ҳавзаҳои интихоботиро тасдиқ намуда, маҳали ҷойгирии ҳавза ва участкаҳои овоздиҳиро дар рӯзномаи ноҳиявии  «Гулистон» нашр кард. Ҳамчунин, комиссияи ноҳиявӣ бо дарназардошти пешниҳоди раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» комиссияҳои ҳавзавии интихоботро дар ҳайати 9 нафарӣ ва комиссияҳои участкавиро дар ҳайати 9 -13 нафарӣ ташкил ва тасдиқ намуд, ки имрӯзҳо корҳои омодагиро пеш бурда истодаанд. Дар ҷараёни пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки аз 10 то 25 январи соли равон идома ёфт, беш аз 120 нафар ҳамчун номзад номнавис шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg