БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ МЕТАВОНАД ТАМОМИ ЗАМИНАҲОИ ВОҚЕИРО БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ МУҲАЙЁ СОЗАД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади роҳандозӣ намудани ҳадафҳои  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилотҳои ибтидоии “Гулшан 3 ва 4”-и деҳаи Ҷамоати деҳоти Гулшан  бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  мулоқот баргузор намуданд. Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ вобаста ба мазмун ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд карданд, ки ҲХДТ Барномаи амали мазкурро, ки метавонад рушди устувори кишварро  дар марҳилаи  солҳои 2020-2025  таъмин  карда, тамоми заминаҳои воқеиро барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум муҳайё созад, пешбинӣ намудаст. Дар охири ҷамъомад масулин дар бораи сифатҳои мусбати номзадҳое, ки дар Конференсияи ноҳиявии ҳизб ба ҳайси номзад ба вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбарӣ шудаанд, изҳори ақида намуданд.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg