БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА НОМЗАДИ ПЕШБАРИКАРДА БОВАРӢ ДОРЕМ !

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  дар ташкилоти ибтидоии “Чавроқ”  вохӯрӣ  баргузор  намуданд. 

Масъулин  дар суҳбат дар бораи моҳияти Паёми имсолаи Пешвои миллат ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  сухан гуфта, иброз  доштанд,  ки  Ҳукумати  мамлакат  вазифадор  аст,  ки  дар  солҳои  минбаъда  тамоми  захираҳоро  ба  баланд  бардоштани  иқтидори  содиротии  кишвар,  зиёд  намудани  ҳиссаи  маҳсулоти  ниҳоии  саноатӣ  дар  ҳаҷми  содирот  ва  аз  байн  бардоштани  монеаҳои  маъмурии  мавҷуда  равона  созад.

Яке  аз  масъалаҳои  ҳалталаб  дар  пешбурди  содирот  муаррифӣ  нагардидани  маҳсулоти  истеҳсоли  ватанӣ  ва  иштироки  нокифоя  дар  намоишгоҳҳои  байналмилалӣ  мебошад  ва  аз  масъулин,  аз  ҷумла  Палатаи  савдо  ва  саноат  тақозо  менамояд,  ки  дар  ин  самт  корро  ҷоннок  намояд.

Инчунин  гуфта шуд,  ки  ҲХДТ зери  шиори  “Барои  пешрафт  ва  зиндагии  шоистаи  мардум”  садоқати  худро  ба  арзишҳои  умумимиллии  соҳибихтиёрӣ,  демократия,  баробарҳуқуқӣ  ва  ошкорбаёнӣ  изҳор  карда,  барои  пешрафти  ҳамаҷонибаи  Тоҷикистон  тамоми  тадбирҳои  имконпазирро  амалӣ  месозад.  ҲХДТ  барои  таъмини рушди  устувор  ва  бомароми  мамлакат,  ки  бо  мақсади  муҳайё  кардани  сатҳу  сифати  арзандаи  зиндагии  аҳолӣ,  фароҳам  овардани  имкониятҳои  баробар  ҷиҳати  татбиқи  нерӯи  инсонӣ  дар  асоси  баробарӣ,  адолат  ва  эҳтиром  гузоштан  ба  шаъну  шарафи  инсон  равона  шудааст,  пайваста  саъю  кӯшиш  менамояд.

Дар охир  ҷамъомадагон дар бораи маъракаи муҳими сиёсии интихоботи дарпешистода фикру  андешаҳои хешро баён дошта, зикр намуданд, ки мо ба номзадҳои пешбаришудаи ҲХДТ эътимоду боварии комил дорем ва раъйи худро барои онҳо дареғ намедорем.

      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg