БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАЪЙИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД ДАР ИНТИХОБОТ ҲАЛКУНАНДА БА ШУМОР МЕРАВАД !

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии  навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  дар  ташкилоти ибтидоии “Танобчии  боло” оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  баргузор  гардид.  Зимни  мулоқот  роҳбарияти Кумитаи иҷроия  дар бораи масъалаҳои болозикр андешаронӣ карда, иброз  дошт,  ки  ҲХДТ  барои  таҳия  ва  татбиқи  барномаҳои  мақсадноки  дарозмуддати   рушди  иҷтимоию  иқтисодии  кишвар  дар  самтҳои  макроиқтисодӣ  ва  соҳаҳое,  ки  ба  имконияту  захираҳои  мавҷуда  асос  ёфта,  хусусиятҳои  минтақавии  кишварро  муайян  мекунанд  ва  хусусияти  амнияти  иқтисодӣ  доранд,  талош  менамояд. Инчунин,дар идомаи суҳбат мавсуф  дар бораи маъракаи муҳими сиёсии интихобот, ки рӯзҳоеба шумор мондаанд, сухан гуфта, таъкид намуд, ки  раъйи ҳар як шаҳрванд дар интихобот ҳалкунанжа ба шумор меравад.

Дар охир ба  якчанд  нафар,  ки  хоҳиши  ба сафи  ҲХДТ шоимлшуданро доштанд,   шаҳодатномаҳои  ҳизбӣ  супорида  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg