ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Савда” доир ба Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Масъулин дар бораи Паёми имсолаи Пешвои миллат ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ сухан гуфта, иброз доштанд, ки акнун вақти он расидааст, ки маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандонамонро хӯрем. Ислоҳи ин мушкилоти ҷомеа, ки давлат ба он афзалият медиҳад, вазифаи ҳар як сокини бонангу номус ва боиродаву ватандӯст ба ҳисоб меравад ва бовар дорем, ки ин кори хайру савоб аз ҷониби аҳли ҷомеа дастгирӣ меёбад.
Инчунин, иброз намуданд, ки таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, нерӯи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини мо дар соҳаҳои илму маориф маҳсуб мегардад.