БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ- МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСИИ КИШВАР АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  гурӯҳи ташвиқотию тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар дехаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Гулистон бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯри намояндагони ҳизбӣ  доир ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баромад намуда, қайд карданд, ки мо дар остонаи яке аз маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар, ки пешрафту шукуфоӣ, тинҷиву оромӣ аз сатҳи чигунагии сурат гирифтани он вобастагии калон дорад, қарор дорем. Халқ довари бузург ва ҳақгӯе аст ва то кадом андоза ҳадафҳои Барномавии ҳизбҳои сиёсӣ дар амал татбиқ шуданд, таҳлилу баррасӣ мекунанд.Ҷоиз ба қайд аст, ки ҲХДТ зода ва парвардаи даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, дар баробари 6 ҳизбҳои сиёсии дигар рисолат ва масъулияти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, созандагиву ободкориро бар дӯш дорад. ҲХДТ тараннумгари дастовардҳои навини мамлакат буда, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат бо риояи қонунҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб ва дар ин радиф дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкиливу муаммоҳо фаъолияти судмандро  ба роҳ мондааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg