БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ШАФФОФУ ДЕМОКРАТӢ ГУЗАШТАНИ ИНТИХОБОТ БОЯД САҲМИ НАЗАРРАС ГУЗОРЕМ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таълимии №10-и деҳаи Заѓертути ҷамоати деҳоти Ваҳдат вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо сокинон баргузор гардид, ки мавзӯи меҳварии онро муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар бар мегирифт.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроия вобаста ба мавзӯҳои матраҳгардида изҳори андеша намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат идомаи Паёмҳои қаблӣ ва дар маҷмӯъ ифодакунандаи пешрафту тараққиёти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар зарфи як соли сипаришуда ва вазифаҳои нав барои расидан ба ҳадафи олӣ, яъне муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар шаҳрванди тоҷик мебошад. Ҳамчунин қайд гардид, ки имрӯз дар кишвари мо шароите фароҳам омадааст, ки ҳар як шаҳрванди ин сарзамин метавонад дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ мавқеи худро озодона муайян намояд. Интихобот заминаи воқеӣ баҳри рушди ҷомеаи пешрафта ва муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. 

Сипас, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Мирзоалӣ Қаландаров  аз участкаи интихоботии №15 муаррифӣ карда шуда, барномаи пешазинтихоботии номзад  қироат гардид. Дар охир интихобкунандагон тарафдории худро аз номзади пешбаришуда ва ҲХДТ изҳор доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg