БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБКУНАНДАГОН БА ДАРХОСТҲОИ ХУД АЗ НОМЗАД ПОСУХҲОИ АМИҚ ГИРИФТАНД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар кинотеатри ба номи Максим Горкий бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Χалолиддини Балхӣ иштирок дошта,  оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, муарифии номзадҳо суханронӣ намуд. Зимни суҳбат  мавсуф қайд намуд, ки ҲХДТ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» садоқати худро ба арзишҳои умумиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. Барномаи пешазинтихобии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта ,ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаётӣ иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд. Баъдан номзади  ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло оид ба нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтиии худ дар самти таҳким бахшидани Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши сиёсатӣ иқтисодӣ, иҷтимоӣ, такмили қонунгузорӣ, таҳкими ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, бахши рушди маориф ва илм, бахши сиёсати ҷавонон ва варзиш суханронӣ намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои аз ҷониби  интихобкунандагон ба миён омада, номзадҳо ҷавобҳои саҳеҳ гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg