Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паём ва Барномаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи № 2”-и Ҷамоати шаҳраки Гулистон вохӯрӣ доир гардид.
Дар суҳбат масъулин оид ба муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҲХДТ ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлат ҳамеша ҷиҳати боло бурдани сатҳи фарҳанги сиёсии мардум мусоидат карда, ҳамкориҳои доимиву густурдаро бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ мондааст. Инчунин, доир ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистодаи интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ андешаронӣ карда шуда, интихобкунандагон барои иштироки фаъолона ва тарзи дурусти овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот раҳнамоӣ гардиданд.
Дар охир ба чанд нафар, ки хоҳиши ба сафи ҲХДТ пайваст шуданро доштанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.