БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ РЕШАКАН КАРДАНИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ДАР ҶОМЕА

ПАНҶ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Ҷиҳати баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии “ Ғалаба” -и ноҳияи Панҷ вохӯрӣ баргузор гардид.

Роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  зимни  суханрониаш  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, ки яке аз онҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм, бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ буда, мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби хусусияти террористиву экстремистидошта ва падидаҳои иҷтимоии ба онҳо мусоидаткунанда  қайд намуд. Воқеан ҳам, инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалии терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони молиявӣ рӯ ба рӯ шуда  истодааст. Коррупсия низ яке аз ин хатарҳои номатлуби ҷомеа ба ҳисоб меравад. Он метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он  ба вуҷуд оварда, минбаъд барои ҷинояткорӣ замина  гузорад. Барои муборизаи самаранок бар зидди коррупсия тадбирҳои комплекси иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқи ва ахлоқиро андешидан зарур аст. Илова бар ин, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифадор аст  дар худ мафкураи зиддикоррупсионӣ ва бо ҳисси нафрату муқовимат бар зидди амалҳои номатлуби ҷомеаро  ба вуҷуд орад. Саъю кӯшишро пеш аз ҳама ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар сафарбар  созад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg