ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони маҳалла мулоқот баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вакилони Маҷлиси Олӣ ироа гардида буд, шарҳу тавзеҳ дода шуд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: Мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем.Дар ҷараёни суханронӣ иштирокчиён барои сари вақт амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои амалӣ намудани корҳои ободониву созандагӣ ва беҳтар намудани шароити арзанда барои зиндагии шоиста, ки аз Паём бармеоянд, даъват шуданд.
Ҳамзамон, масъулин бобати омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллӣ андешаҳои худро баён карданд.