ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсаду шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҳизб бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ-1” хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.
Кормандони масъули ҳизбӣ дар ин вохӯрӣ ҳозиринро бо Барономаи пешазинитихоботии ҲХДТ шинос намуда, дар бораи муҳим будани маъракаи сиёсӣ суханронӣ карда, зикр намуданд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ҳуҷҷатест раҳнамо барои расидан ба ҳадафҳои олии давлат. Инчунин,дар идома иброз шуд, ки ҲХДТ бо истифода аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити мусоид фароҳам оварад.