БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОВОЗИ ШУМО ДАР ИНТИХОБОТ ҲАЛКУНАНДА АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Бо иштироки васеи интихобкунандагон дар ташкилоти ибтидоии   “Саъдии Шерозӣ” вохӯрии роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  бо сокинон  баргузор гардид.

Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроия, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу, шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ва Зулайхо Ҳақназарова номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб  иштирок ва баромад намуданд.

Зимни баромади хеш Ҳамидиён  Орзу  қайд намуд, ки  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти Барномаи ҲХДТ барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ пешрафта равона шудааст. Мо масъулинро зарур аст,  ки дар марҳилаи омодагӣ ба ин чорабинии муҳимми сиёсӣ  корҳоро бо ҷавононе, ки дар чунин маъракаҳои муҳим бори аввал иштирок мекунанд, тақвият бахшида, ба онҳо муҳимияти иштирок дар интихоботро фаҳмонем. Зеро овози ҳар як шаҳрванд дар интихобот ҳалкунанда  аст. Дар  рафти вохӯрӣ  иштирокдорон  ба номзадҳо  суолҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои  мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg