БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ЯКЕ АЗ РОҲҲОИ ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ МЕБОШАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Вохӯрии раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу-номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ташкилоти ибтидоии “Хайём”  бо иштироки  васеи интихобкунандагон сурат гирифт.

Вохӯрӣ бо суханони ифтитоҳии номзад оғоз гардида, номбурда зикр дошт, ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 1-уми марти соли равон интихоботи парлумонӣ доир мегардад ва тибқи ҷалвали суҳбату вохӯриҳо кор дар ин самт бомаром идома дорад.

Инчунин, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Ҳотам Асозода   ва шахси боэътимоди Ҳакимзода Шариф Саидович омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Зафар Мирзоён   иштирок ва баромад намуданд.

Пас аз муаррифии номзад Зафар Мирзоён ба сухан баромада, бобати барномаи пешазинтихоботии номзад   ва мушкилотҳои ҳалталаб  суханронӣ намуд. Дар охир, суҳбати номзад бо интихобкунандагон сурат гирифта, интихобкунандагон пешниҳодҳои худро доир ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg