БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Дар ташкилоти ибтидоии “Тоҷикобод”-и деҳаи Чу-чуи Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон   вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулини Кумитиа иҷроия оид ба самтҳои муҳими Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025, андешаронӣ карда шуда,   мардум барои иштироки фаъолона дар интихоботи навбатӣ ҳидоят карда шуданд.

Дар мулоқот номзадҳои ҲХДТ ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи № 34 Абдуллоева Раъно ва номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи № 16 Бобобеков Хусрав иштирок намуда, дар назди интихобкунандагон роҷеъ ба барномаҳои пешазинтихоботиии хеш маълумоти муфассал пешниҳод карданд.

Дар охир аз ҷониби ҷавонони деҳа барои сохтмони варзишгоҳ дархост гардида, ин пешниҳод  аз ҷониби масъулин бо хушнудӣ пазируфта шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg