БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТИ ВАТАН - МОДАР ҚАРЗИ ШАРҲРВАНДӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК СОҲИБВАТАН ВА ВАТАНДӮСТ МЕБОШАД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Бо мақсади таҷлили 27-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбиёни шаҳри Бохтар ба дидорбинии аскарону афсарони қисми низомии КДАМ ҶТ дар шаҳри Бохтар рафтанд. Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ  Иброҳимзода Неъматулло, собиқадори ҳизб Аҳмадҷон Ализода, ҳайати шахсии ин қисми низомӣ, ҳунармандону санъаткорони маркази фарҳангии ҷавонони шаҳр ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. 

Дар оғози вохӯрӣ Иброҳимзода Неъматулло ҳозиринро ба муносибати 27-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ шодбош гуфта, иброз дошт, ки хизмат ба Ватан - Модар қарзи шарҳрвандӣ ва виҷдонии ҳар як соҳибватан ва ватандӯст мебошад. Дар идома, Аҳмадҷон Ализода ба сухан баромада, таъкид дошт, ки Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давраи ниҳоят ҳассос аз сифр ташкил шуда, имрӯз ба яке аз артишҳои боэътимод ва пурқудрати минтақа табдил ёфтааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg