БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НОМЗАДҲО БАРОИ БАРТАРАФ КАРДАНИ МУШКИЛОТИ ҶОМЕА КӮШИШ МЕНАМОЯНД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Бохтар вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони  халқи шаҳри Бохтар аз ҲХДТ ва шахсони боэътимоди номзад  Саломзода Сиҷовиддин дар ҳавзаи интихоботии №19 бо интихобкунандагон доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур шахсони боэътимоди номзад Рухшонаи Шералӣ ва Абдураҳмонов Алишер ба сухан баромада, шарҳи ҳоли номзад ва фишурдаи Барномаи пешазинтихоботии номзадро ба сокнинон муаррифӣ намуда, таъкид доштанд, мақсад аз  баргузории вохӯрии мазкур огоҳ гардидан аз мушкилотҳои мавҷуда дар маҳал ба ҳисоб меравад, то ин ки номзадҳои пешбаришуда аз онҳо ба пуррагӣ огоҳ гардида, аз пайи андешидани  чораҳои мушаххас баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта кӯшиш намоянд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg