БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар маҳал

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  гурӯҳи таблиғотӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ҷамъомади хотирмон доир гардид.

Инчунин, дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадаюб Шарифзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ваҳобиддин Абдуллоев, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Ф. Абдураҳимова ширкат намуда, дар назди иштирокдорон  нуктаҳои асосии  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро,  ки дар ҷомеаи  имрӯза яке аз муҳимтарин ҳадафҳои олии рушду тараққиёти мамлакат ба шумор меравад, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон масъулин  дар раванди суханрониҳо оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ҳарф зада, аз иштирокдорон баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва  сиёсати  пешгирифтаи  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg