БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Китоб сарчашмаи дониш аст!

ДӮСТӢ. Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» дар толори Қасри фарҳанги ноҳия  Фестивали ҷумҳуриявии ҳафтаи китоби наврасону кӯдакон дар Тоҷикистон таҳти унвони «Китоб сарчашмаи дониш аст» бо иштироки як гурӯҳ шоирону нависандагони ҷумҳурӣ  Алӣ Бобоҷон нависандаи кӯдакону наврасон, нависандаи китобҳои бачагона  Ҷӯра Ҳошим ва ҳамчунин, нависандаи хушзавқи бачагона ва  ҳаҷвнигор Сайдаҳмад Ҳасанов ва омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вохӯрии судманд доир гардид.

Дар вохӯрӣ шахсони китобдӯсту фарҳангдӯст иштирок намуда, аз эҷодиёти нависандагони халқи тоҷик шеъру таронаҳо қироату зам-зама намуданд.  Илова бар ин ба меҳмонони ҳузурдошта доир ба шеъру шоирӣ ва китобҳои пурғановатӣ худи нависандагон ва ҳамчунин аҷдодони гузаштаамон саволҳои  пурмазмун пешниҳод намуда, посухҳои қаноатманде ба худ гирифтанд.

Мақсад аз ташкили чунин вохӯрӣ, озмуну  фестивалҳо шавқу завқи кӯдакону наврасонро боз ҳам ба китобу китобхонӣ дучанд  гардонида, меҳри онҳоро доир ба дӯстдории меҳан густариш хоҳад дод.  

Бояд қайд намоем, ки Фестивал озмуни ҷумҳуриявии кӯдакону наврасони Тоҷикистон аз санаи 15-уми апрел оғоз гардида,  то санаи 15-уми майи соли ҷорӣ  дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бомаром идома дорад.

Дар ҷамъбасти озмун беҳтарин шеърхонону таронахонон  бо туҳфаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg