БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ ДАР МАҲАЛ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар деҳаи Қиёти ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён дар ҳавзаи интихоботии  №14  бо сокинон доир ба интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 1 марти соли 2020 баргузор мегардад, вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ қайд намуданд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз 8 бахши фарогир ва 26 зербахшҳо таркиб ёфта, ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеаро дар марҳилаи нави рушдро ба назар гирифтааст. Инчунин, дарҷ карда шуд, ки соли 2020 ҳамчун “Соли шинохти бештари манфиаттҳои миллӣ” шинохта шуда, барои ҳар як ташкилот ва ҳар як узви ҳизб бояд давраи иқдомҳои созанда ҷиҳати иҷрои бандҳои барномаи амали ҳизб гардад. ҲХДТ, ки худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон буда, раванди маъракаҳои сиёсӣ собит месозанд, ки ҲХДТ яке аз ҳизби сернуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб мегардад ва бо ҷонибдории худ як қувваи бузургро ташкил дода, ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg