БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТ БО ДОНИШҶӮЁНИ БУРУНМАРЗӢ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо мақсади баррасии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳрвандони тоҷик, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият менамоянд, аз ҷумла дар Донишгоҳи федералии Уляновскийи Федератсияи Россия  бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб иштирок намуда, зикр кард, ки санаи 26 декабри соли 2019  Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки он  фарогири самтҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, сиёсию фарҳангӣ, дохиливу хориҷиро дар бар гирифта, баҳри рушди босуботи кишвар ва амалӣ намудан бандҳои он марҳилаи нави пешрафту шукуфоиро таъмин карда, зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро  дар роҳи рушди минбаъдаи давлатдории навини миллиамон муҳайё месозад. Инчунин, мавсуф  қайд намуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1 марти соли 2020 дар кишварамон интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ доир мегардад. Дар қаламрави Федератсияи Руссия низ аз ҷониби намояндагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон участкаҳои интихоботӣ ташкил карда шуда, шаҳрвандони дар Руссия кору фаъолиятдошта имконияти муайян намудани мавқеи сиёсии худро бо иштирок дар раванди интихобот доранд. Дар идома таъкид шуд, ки бинобар сабаби маъракаҳои сиёсии дарпешбуда, гурӯҳҳои ифротгаро дар хориҷи кишвар махсусан барои халалдор намудани сулҳу оромӣ ва амни миллати тоҷик фаъол гардида, дар фаъолияти худ бештар ҷавонони берунмарзиро ба доми фиреб кашида, онҳоро ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб сохта истодаанд. Дар робита ба ин масъала оид ба фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористие, ки фаъолияти онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст,  маълумот дода шуда, аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки дар раванди ҳассоси глобалишавии ҷаҳони муосир ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ободии кишвар донишу малакаи худро бо истифода аз омӯзиши илмҳои замонавӣ сайқал диҳанд, дар ободии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.

              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg