
ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади истиқбол аз ҷашни 27- солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сарбозони қисми низомии 6593-и ноҳияи Ёвон ва ҷавонони синну соли даъватӣ дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ кафолати зиндагии шоиста” баргузор гардид.
Дар кори Конференсия намояндагони ҳизбӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво суханронӣ намуда, ҳозиринро ба хизмати Ватан- Модар ҳидоят карданд.
Дар охир ба сарбозони қисми низомии 6593-и ноҳия аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим ва дастурхони идона ороста шуд.