
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №30 Холиқзода Ҳоким бо аҳли ҷамоатчигии ҷамоати деҳоти Навзамини ноҳияи Дӯстӣ суҳбату вохӯрӣ доир гардид.
Дар рафти суҳбат, номзад аз барномаи пешазинтихоботии худ, ки аз барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ сарчашма мегирад, ба аҳли толор маърӯза намуда, мардумро бовар кунонид, ки баъд аз интихоб шуданаш доимо бо мардуми деҳот дар робита буда, баҳри беҳбудии зиндагии ояндаи сокинон кӯшиш ба харҷ медиҳад.