БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ МУЛОҚОТ СОКИНОН ТААССУРОТИ НЕК БАРДОШТАНД

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои миллат, Раиси мауззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва интихоботи дар пешистода, ки санаи 1-уми марти соли 2020 баргузор мегардад, дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш, дар маҳаллаи Шӯробод вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат номзадҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо аҳоли шинос шуда, хоҳищу дархостҳои онҳоро қабул карданд.

Сипас, дар ин раванд намояндагони ҳизби ноҳия ба  сокинон дар бораи дастовардҳои бузурги замони Истиқлолият, ки дар Паёми навбатӣ аз ҷониби Пешвои миллат ироа гардид, суханронӣ намуда, иштирокчиёнро барои расидан ба қадри ин неъмати бебаҳо  раҳнамоӣ намуданд.

Инчунин, дар идома  вобаста ба моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ маълумоти муфассал  пешниҳод карда  шуд, ки аз ин суханрониҳои судманд сокинон ба худ таассуроти нек бардоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg