БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НОМЗАД БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар  Литсейи давлатии “Ориёно”-и шаҳри Бохтар бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳизода Неъматулло,  интихобкунандагон ва дигар шахсони масъул вохӯрӣ доир гардид.

Мақсади асосии вохӯрии мазкур тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва муаррифии номзади он ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар дар ҳавзаи интихоботии №10 Насруллоева Шаҳло буд. Дар оғози суҳбат роҳбарияти Кумитаи иҷроия доир ба Барномаи  пеазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ибрози ақида карда, таъкид дошт, ки ҲХДТ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва зиёд кардани синфи миёнаи аҳолӣ, таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар, вусъатдиҳии  шуғли пурмаҳсул ва дар  робита ба ин ҳамасола таъсис додани ҷойҳои нави кориро идома бахшида, дар ин самт чораҳои мушаххас меандешад.

Сипас, мавсуф номзад аз ҳавзаи интихоботии №10 Насрулоева  Шаҳло Файзууллоевнаро муаррифӣ намуда, гуфт, ки ҲХДТ ба пешбарии номзадҳо аз ҳисоби омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус дорад. Сипас, шахси  бовариноки номзад доир ба барномаи пешазинтихоботии номзад суханронӣ намуда, гуфт, ки дар барномаи номзад кор бо насли наврас ва тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ мақоми аввалиндараҷаро соҳиб аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg