
БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯри раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Бохтар бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои “Навобод” ва “Дӯсти халқҳо” баргузор гардид.
Мавсуф дар баромади хеш доир ба Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки дар он самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020-2025 инъикос ёфтаанд, сухан гуфта, қайд намуд, ки бо итминони комил метавон гуфт,ки ҲХДТ бо даастгирии мардуми шарифи кишвар таҳти Сарвари хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ин ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯйи арзишмантарин хостаҳои миллӣ зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!”, аз ҷумла рушди таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат – истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбастӣ коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ, ки ниҳояти он расидан ба зиндагии шоиста мебошад, раҳнамоӣ мекунад.