БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАЛҚ БАЁНГАРИ СОҲИБИХТИЁРӢ ВА САРЧАШМАИ ЯГОНАИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ МЕБОШАД

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҷавонон-Мақомот» бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар маҷлис масъулин бештар дар бораи  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, Паёми навбатии Пешвои миллат ва моҳияту зарурати интихобот ҳарф зада, қайд намуданд, ки интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ таввасути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.

Инчунин,  зикр карда шуд, ки  интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад.

Қисмати интиҳоии вохӯрӣ бо баҳсу мунозираҳои қонеъкунандаи иштирокдоштагон ҷамъбаст гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg