
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии «Ташакули тарзи ҳаёти солим» ва «СЭС» вохӯрӣ доир гардида, дар он Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони ҳизбӣ зимни суханронӣ қайд намуданд, ки ҳизбе, ки дар он муттаҳид гаштаем яке аз ҳизбҳои қудратманд, созанда ва пешсаф дар ҷумҳурии азизамон ба ҳисоб меравад. Ин ҳизб зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» фаъолият намуда, шукр аз замони Истиқлолият мекунад ва дар фазои сулҳу дӯстӣ, бо роҳи осоишта, демократӣ ва шаффофу беғаразона амали сохтани мақсаду мароми худ саъю кӯшиш менамояд.
Инчунин, дар идомаи суҳбат оид ба интихоби вакилоне, ки аз тарафи ҲХДТ дар 30 ҳавзаи интихоботӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ пешбарӣ шудаанд, суханронӣ карда шуд.