БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ҲАР ЯКИ МО ДАР ИНТИХОБОТ МУҲИМ АСТ

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 ва номзадҳои он, ҳамчунин шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти  ибтидоии  Ҷамоати деҳоти «Пахтаободи»-и ноҳияи  Шаҳритуз бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир гардид.

Дар суҳбат масъулин атрофи моҳияти нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ фикру андешаҳои хешро баён дошта,  қайд карданд, ки барномаи ҳар ҳизб муаррифгари ҳадафу мақсад ва муайянкунандаи самти роҳест, ки ҷомеаро мехоҳад аз пушташ ба он самт барад. Маҳз бар ҳамин поя ҷомеа тасмим мегирад бо кӣ ва чи мақсаду ҳадаф ба куҷо равад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 25 сол собит сохт, ки  метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас халқи тоҷикро ба пеш, ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ кунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg