БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ВАСИЛАИ АМАЛИГАРДОНИИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ АСТ!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ҳудуди якмандатии интихоботии Қубодиён  №31 бо интихобкунандагони  ноҳияи  Шаҳритуз доир гардид.

Дар маҷлис инчунин, намояндагони ҳизбӣ ноҳия иштирок дошта, вобаста ба  моҳияти Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ,  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва маъракаи муҳими сиёсии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, таъкид карданд, ки  иштироки  фаъолона  дар рӯзи интихобот масъулияти баланди шаҳрвандиро аз ҳар як  фарди кишвар тақозо мекунад ва мо шаҳрвандонро зарур аст, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштироки фаъолона намуда, ба номзадҳои арзанда овоз  диҳем.

Ҳамчунин дар навбати худ номзадҳо дар назди интихобкунандагон роҷеъ ба масхалаҳои халталаби замон ибрози ақида карда, барномаи пешазинтихоботии хешро ба таври муфассал  шарҳу тавзеҳ доданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg