БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШИНОСОИИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛӢ БО НТИХОБКУНАНДАГОН

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и Ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шиносоии номзадҳо ба вакилӣ бо интихобкунандагон  ва ҳамчунин роҳбарияти  Кумитаи иҷроия ва дигар шахсони даъватӣ  вохӯрӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Ҳамчунин дар вохӯрии мазкур номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар мулоқоти мазкур номзадҳо ба вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаҳои №28 Наҷмиддинов Сафарбек, №29 Салимов Маҳмадёқуб, №30 Раҳимов Сафарбек, №31 Саиди Ёқубзод, №32 Раҳимзода Сафармаҳмад ва №33 Шарипова Зирамоҳ бо интихобкунандагон шинос шуда, барномаи пешазинтихоботии худро ба онҳо муаррифӣ намуданд. Инчунин, дар вохӯрӣ қайд гардид, ки Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон оид ба интихобот зикр намуданд, ки “Таъкид менамоям, ки дахолат ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ манъ аст ва сохтору мақомоти марбута дар ин ҷараён бояд танҳо вазифаҳои тибқи қонун ба зиммаашон гузошташударо иҷро кунанд.

Дар охири вохӯрӣ раиси комиссияи ҳавзаи №28-и  ноҳия Қодиров Тағойбек аз шаҳрвандони кишвар даъват намуд, ки ба хотири ояндаи дурахшони Ватанамон, ки рӯзи  1 марти соли 2020  маъракаи муҳимми сиёсӣ-интихобот доир мегардад, иштироки фаъолона  намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg